Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ярмарка —фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил мешавад

$
0
0

Душанбе, 20.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ  вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20 то 23 май дар назди «Маҷмааи савдои Пойтахт- 90», «Бозори Қарияи Боло» ва дигар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт  ярмарка- фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда мешавад. Ҳадафи он ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии сокинони шаҳри Душанбе мебошад. Ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Корхонаи воҳиди давлатӣ  «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия»-и  пойтахт роҳандозӣ мегардад.
Инчунин дар даромадгоҳҳои бозорҳои дигари шаҳр аз ҳисоби захираи  бозорҳо чунин ярмаркаҳо гузаронида мешаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>