Хуҷанд, 19.05.2016. /АМИТ Ховар/. Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд то 17 май 91,7 фоиз иҷро шудааст. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз Комиссариати ҳарбии вилояти Сугд иттилоъ доданд, ҳоло то санаи мазкур аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 11-и он нақшаи даъват сарбаландона иҷро гардида, боз се ноҳияи дигар, чун Деваштич, Ашт ва Исфара низ нақшаро беш аз 90% ичро намуда, азм доранд дар рӯзҳои наздик аз ичрои он гузориш диҳанд.
Ҳамчунин масъулини чор шаҳру ноҳияи боқимонда низ кӯшиш доранд, то нақшаи даъвати баҳориро то муҳлати муайяншуда иҷро намоянд.
↧
Суғд: нақшаи даъвати баҳорӣ беш аз 91% иҷро шудааст
↧