Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, мардуми дорои фарҳанги баланд, аз ҷумла фарҳанги иҷтимоӣ мебошанд. Ин мардум мутааллиқ ба яке аз олитарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ — тамаддуни форсӣ мебошанд. Ҳамаи тоҷикон дар ҳар як деҳа эҷодиёти Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Саъдиро хуб медонанд ва онҳо дар сатҳи фарҳангӣ бисёр қавианд», — гуфт рӯзноманигори рус Максим Шевченко.
Дар яке аз барномаҳои тозаи худ М. Шевченко ба «Газета.ру» дар бораи сабабҳои аслии муноқишаи оммавие, ки дар қабристони Ховани Маскав сар зад, сухан гуфта, ба дастгирии онҳое, ки дар худ қувват пайдо карда, ба «ҷинояти ғайриқонунӣ» муқобилият нишон доданд, даъват намуд.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар қазияи қабристони Хован мо «исёни мардумӣ»-ро ба муқобили «ҷинояти ғайриқонунӣ» мушоҳида мекунем. Вақте ки ин ҷангиён ба муноқиша бо коргарони тоҷик омаданд, ҷавоби сазовор гирифта, рӯ ба гурез оварданд. Дар асл, ин одамон меҳнати ҳалол ва ҳуқуқи дар ҳудуди Русия қарор доштани худро ҳифз карда, азми ба ҷинояткорон пора доданро надоранд.
М. Шевченко таъкид кард, ки низоъ ба кӯшиши аз худ кардани қисми даромади бригадаҳое, ки дар қабристон кор мекунанд, алоқаманд аст.
«Тоҷикон нишон доданд, ки онҳо намегузоранд роҳзанон меҳнати ҳалоли онҳоро дар Русия «паноҳандагӣ» кунанд», — М. Шевченко зикр карда, изҳори умед намуд, ки рӯзноманигорони рус ба гуфтаи онҳое, ки дар бораи фишори муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати Русия ҳарф мезананд, дода намешаванд.
↧
М. Шевченко ба дастгирии онҳое, ки дар худ қувват пайдо карда, ба «ҷинояти ғайриқонунӣ» муқобилият нишон доданд, даъват намуд
↧