Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 майи соли равон дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 75-умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили илму адаб баргузор мегардад.
Дар маҳфил доираи васеи устодону кормандон, дошнишҷӯёни донишгоҳ ва адибон иштирок намуда, доир ба ҳаёту фаъолияти Шоири халқии Тоҷикистон сухан карда, аз эҷодиёташ шеърҳо қироат мекунанд.
↧
Маҳфили илму адаб ба ифтихори 75- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ
↧