Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Дар шаш моҳи фаъолияти ИА дар баҳри Миёназамин ҳаёти 14 ҳазор нафар наҷот дода шуд

Душанбе, 18.05 .2016 /АМИТ «Ховар» /. Ҳаёти 14 ҳазор нафар муҳоҷирон дар шаш моҳи  охир дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҳарбӣ-баҳрии  София оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ  аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар баҳри Миёназамин  наҷот  дода шуд,- иттилоъ дод  рӯзи сешанбе  раиси Кумитаи низомии Иттиҳоди Аврупо  Михаил Костаракос.
Дар натиҷаи амалиёти София ҳаёти 14 ҳазор нафар наҷот  дода шуд,- гуфт генерали юнонӣ оид ба натиҷаи мулоқоти сардорони ҳайати 28 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел. Онҳо  ҷараёни иҷрои амалиёти ҳарбӣ ва намояндагиҳои  аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар хориҷа гузаронидашударо мавриди баррасӣ қарор доданд»,- иттилоъ медиҳад РИА «Новости».
Бино ба гуфтаи Костаракос,  амалиёти София иҷозат дод, ки дар шаш моҳ  70 нафар ҳамлкунандагони гумонбари  муҳоҷирони  ғайриқонунӣ  дастгир шуда,  150 киштии ҳамлкунандаи онҳо безарар гардонида шаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>