Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30461

Финляндия барои ихроҷи муҳоҷирон 800 ҳазор евро тахсис медиҳад

$
0
0

Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукуматдорони Финляндия барои татбиқи чораҷӯиҳо ҷиҳати ихроҷи муҳоҷирон 800 ҳазор евро ҷудо мекунанд. Рӯзи сешанбе дар вазорати иқтисод ва шуғли аҳолии кишвар дар ин бора хабар доданд.
Маблағҳои зикршуда байни 11 ташкилоте, ки қаблан лоиҳаҳояшонро пешниҳод карда буданд, тақсим карда мешаванд. Лоиҳаҳои оид ба ҳамгироии ҷавонон, оилаҳои кӯдакдор, таълими асосҳои қонунгузориҳои Финляндия дар бахши баробарҳуқуқӣ, тандурустӣ ва бехатарӣ ба муҳоҷирон аз ҷумлаи онҳоанд, зикр намуданд дар вазорат.
Аз 76 ташкилот дархостҳо барои маблағгузорӣ ба вазорат расидаанд. Соли 2015 тақрибан 32,5 ҳазор нафар гурезаҳо ба Финляндия омаданд, ки аксарияташон табааи Ироқ мебошанд. Аксарияти гурезаҳо тавассути сарҳади Шветсияю Финляндия, воқеъ дар шимоли кишвар омадаанд, вале қисми зиёдашон роҳҳои дигарро тавассути амадҳо аз Олмон ва тавассути сарҳади ҳамҷавори Русия интихоб кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир сарҳади Русияю Финляндия самти асосие гардидааст, ки гурезаҳо онҳро барои расидан ба Финляндия истифода мекунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30461

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>