Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Соҳибкорони тоҷику турк дар Душанбе ҷамъ меоянд

Душанбе, 17.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Туркия 19 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассамблеяи содироткунандагони Туркия ва Сафорати Туркия дар Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш мебошанд. Тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Туркия аз ҳадафҳои асосии ҳамоиши тиҷоратӣ маҳсуб мешавад»,- мегӯяд Мукаммал Раҷабӣ, сухангӯи Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиш доираҳои тиҷоратии ду кишвар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориро дар башхҳои иқтисодӣ, назири коркарди меваю сабзавот, масолеҳи сохтмонӣ, техникаи кишоварзӣ, гӯшту шир, равғани зайтун, масолеҳи кимиёвӣ, масолеҳ ва технологияҳои электронӣ, соҳаи обёрӣ, хӯрокӣ, маҳсулоти қаннодӣ, оҳан ва пўлод, гармхонаҳо, чӯб ва маҳсулоти чӯбин, мебел ва шабакаи гармидиҳии мутамарказонидашудаю ҷудогонаро баррасӣ намоянд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>