Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Вашингтон ва иттифоқчиёнаш дар давоми чанд ҳафта дар Либиё ба муқобили гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» амалиёти ҳарбӣ оғоз мекунанд. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба рӯзномаи амрикоӣ «The New York Times» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, Пентагон аллакай ҷамъоварии маълумоти иктишофиро дар бораи ин кишвари Африқои Шимолӣ сар кардааст. Амалиёти ҳарбӣ «зарбаҳои ҳавоӣ ва ҳамлаҳои ҷузъу томҳои элитаи Амрико»-ро дар бар мегирад.
Манбаъ зикр менамояд, ки дар назар аст, Вашингтонро Бритониёи Кабир, Фаронса ва Итолиё дастгирӣ намоянд. Бино ба иттилои рӯзномаи «The New York Times», маъмурияти президенти ИМА, нақша дорад, ки вобаста ба хатарҳои ба ин кишвар алоқаманд бо Конгресс машварат накарда, дар мубориза бо «Давлати исломӣ» ҷабҳаи сеюм кушояд.
Тавре ки чанде пеш хабар дода шуд, дар ин моҳ вазъият дар Либиё ба таври назаррас тезутунд гардид. Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба қисмати шимолии ин кишвар ҳамлаҳо оварда, кӯшиш карданд, бандарҳои содироти нафтро дар соҳили халиҷи Сирт, зери тасарруфи худ дароранд.
Бино ба маълумоти бархе аз нозирони байналмилалӣ, ҳоло дар қаламрави Либиё тақрибан 3 ҳазор ҷангии «Давлати исломӣ» фаъолият доранд.
↧
ВАО: ИМА дар Либиё зидди «Давлати исломӣ» амалиёти ҳарбӣ оғоз мекунад
↧