Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29754

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Сарвазири Кувайт

$
0
0

Душанбе, 15.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо собиқ Сарвазири ин Давлат шайх Носир Муҳаммад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

“Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатии Кувайт, олами Ислом ва арсаи ҷаҳонӣ мешиносанд ва таҷрибаи фаъолияти сиёсии Шумо дар маснади Сарвазири Кувайт шоистаи ибрату таҳсин аст”,- изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни мулоқот аз нақши фаъоли собиқ Сарвазири Давлати Кувайт дар густариши соҳибкории фарохмиқёс ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Кувайт ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки дар доираи ин сиёсат имрӯз барои ба марҳалаи сифатан нав ворид гаштани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт имконият ва заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Бо назардошти мавҷудияти имконият ва заминаҳои зарурӣ ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Кувайт дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, аз ҷумла қалъагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба муҳимтарин масоили минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияту субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мубориза ба муқобили терроризму ифротгароӣ табодули афкор карда шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29754

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>