Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Қазоқистон дар Тоҷикистон сафири нав таъйин кард

Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маросисми супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурлан Сейтимов ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 13 май баргузор гардид.

Пас аз маросим мулоқоти дуҷониба доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири корҳои хориҷӣ Сафири навтаъйини Қазоқистонро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбӣ комёбиҳо таманно кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>