Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

«Мактаби духтарони сарвар»-маҳфил барои донишҷӯдухтарон

$
0
0

Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, тарбияи кадрҳои болаёқат ва роҳбар аз ҳисоби занон ва донишҷӯдухтарон дар Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мактаби духтарони сарвар» суҳбат доир гардид. Дар он намояндагон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои марбута ва устодону донишҷӯёни як зумра муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки соли сеюм аст Кумита Шӯрои донишҷӯдухтарон ва дар заминаи он «Мактаби духтарони сарвар»-ро таъсис додаст ва зимни омӯзиш бо ҷалби мутахассисони варзида маҳфилҳо гузаронида мешаванд.
Дар доираи барномаи номбурда Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади ҳавасманд гардонидани донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии ҷумҳурӣ озмунҳо мегузаронад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>