Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29509

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2018 аст

$
0
0

8 сол қабл,  4 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси илмию амалии байналмилалии «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор гардид.

4 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.

РӮЙДОДҲО:

4 ноябри соли 2014 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

4 ноябри соли 2009 Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Полша дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таҳсилоти олӣ ва маданӣ ба имзо расид.

***

119 сол пеш 4 ноябри соли 1899 китоби машҳури Зигмун Фрейд «Таъбири хоб» нашр шуд

***

4 ноябри соли 1967 манораи телевизионии «Останкино» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1977  СММ таҳвили силоҳро дар Африқои Ҷанубӣ қатъиян манъ кард.

***

4 ноябри соли 1981 Осорхонаи марказии Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ифтитоҳ гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017 Чемпиони  Тоҷикистон -дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ  бозӣ анҷом дода, бо соҳиб шудан ба ҷои дуюм  500 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

***

Соли 1862 ихтироъкори америкоӣ Р. Гатлинг «Оташи тез» (пулемёт) ихтироъ кард.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29509

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>