Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28720

Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои сохтмонӣ дар «Комбинати металургии Тоҷикистон»

Душанбе, 7.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз  Сарвазири  мамлакат Қоҳир  Расулзода дар шаҳри Ҳисор  бо рафти корҳои сохтмонӣ дар  «Комбинати  металургии Тоҷикистон» шинос шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки сохтмони «Комбинати  металургии  Тоҷикистон»  соли 2011 шурўъ  гардида, тибқи нақша то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Иқтидори  солонаи  корхонаи  саноатӣ   дар  соли  аввали  фаъолият баробар  ба  120 ҳазор тонна буда, дар  соли  сеюми  фаъолият аллакай  иқтидори он то ба  400 ҳазор  тонна дар  як сол расонида мешавад.

Соли аввали корӣ  дар  ин  корхона  500  нафар  бо  ҷойи  кор таъмин  мегардад ва  баробари тақвияти иқтидори  истеҳсолӣ   дар соли сеюми  фаъолият  шумораи  коргарон  аз  ҳисоби  аҳолии  маҳалӣ  то  1000  нафар  мерасад. Дар  айни  ҳол  дар  пешбурди  корҳои  сохтмонӣ ва  васлу  насби  таҷҳизот беш аз 150  нафар ҷалб шудаанд, ки 130  нафари онҳо  коргарони  маҳаллӣ мебошанд. Корҳои сохтмони қисмати асосии  корхона ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар айни замон васлу насби таҷҳизоту технологияи нави корӣ бо маром идома дорад.

Сарвазири  мамлакат  барои  анҷоми  босифати  корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дурусти таҷҳизоти истеҳсолӣ, беҳдошти шароити таъминоти  барқ, ба миқдори зарурӣ захира намудани ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти ҳамкорӣ бо дигар  корхонаҳои  металургии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини соҳаро  вазифадор намуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28720

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>