Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

ВАО: на камтар аз 7 нафар бар асари таркиш дар бозори Яман ҳалок шуд

$
0
0

Душанбе, 07.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиш дар шаҳри Мариб дар қисми марказии Яман на камтар аз 7 нафар ҳалок шуда, 15 каси дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар ин бора «Reuters» иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, худкуше дастгоҳи таркандаро дар бозори шаҳр мунфаҷир кардааст. Дастандаркорони ин ҳодиса талош доранд, сулҳеро, ки дар бисёре аз минтақҳои ин кишвар роҳандозӣ шудааст, шикананд.
Ёдовар мешавем, ки дар Яман аз 11 апрел инҷониб миёни нерӯҳои ҷонибдори ҳукумат ва хуситҳо низоми оташбас амал мекунад.
Бино ба иттилои СММ, дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбӣ дар Яман беш аз 6,4 ҳазор нафар ҳалок шуда, зиёда аз 30 ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>