Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Ҷангиён кӯшиш намуданд, ки «низоми оташбас» дар Ҳалабро вайрон кунанд

Душанбе, 07.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Низоми оташбас» дар шимоли музофоти Латакияи Сурия ва наздикиҳои Димишқ дар умум риоя мешавад, вале «Ҷабҳат ан-Нусра» барои шикастани сулҳ дар Ҳалаб иғвоандозӣ мекунад. Дар ин бора «Интерфакс» хабар медиҳад.

Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, ки террористони «Ҷабҳат ан-Нусра» шабонарӯзи гузашта аз самти минтақаҳои Беннизит ва Ашрафия ба маҳаллаҳои Шайх Мақсуд, Салоҳ-уд-Дин ва Амрияи шаҳри Ҳалаб тир кушоданд. Ҳамчунин, ҷангиён аз самти шаҳраки Мухеим-Хандрат нуқтаҳои аҳолинишини Хандрат ва Хайланро гулӯлаборон карданд.

«Дар минтақаҳои шимолии музофоти Латакия террористони ин гурӯҳ ба мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ дар наздикиҳои нуқтаҳои аҳолинишини Икко, Айн-эл-Кантара ва Кбана аз миномет ва артиллерҳо оташ кушоданд»,-изҳор медорад Вазорати мудофиа.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>