Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Футбол: Сайёд Зайниддинов довари бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон -2018 таъин шуд

ДУШАНБЕ,26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Довари беҳтарини соли гузаштаи мамлакат-Сайёд Зайниддинов ба ҳайси довари бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва  «Регар-ТадАЗ» таъин шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.

Ба Сайёд Зайниддинов Ҳамза Шоҳимардонов аз Хуросон ва Исмоил Нуралиев аз Норак кӯмак мерасонанд. Хисрави Сиддиқзод ба ҳайси довари эҳтиётӣ интихоб шудааст. Дараҷаи ин вохӯриро ба назар гирифта ФФТ Насрулло Кабировро аз Норак ва Гулмуроди Саъдуллоро аз шаҳри Душанбе ҳамчун ёварони иловагии довар аз пушти дарвоза таъин намуд. Масулияти нозири доварон дар ин вохӯрӣ ба Юсуф Ишматов ва комиссари бозӣ ба Ҷовидон Ҳасанов     во гузошта шуд.

Ёдрас мешавем, ки бозии ниҳоӣ бо ширкати дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ», 27-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат,ки 25 000 ҷои нишаст дорад, соати 14:00 баргузор мегардад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles