Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Дар Ваҳдат 280 гӯшаи тарғиботӣ доир ба раъйпурсии умумихалқӣ ташкил шуд

$
0
0

Ваҳдат, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сардорони минтақавӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва собиқадорони рӯзгордида байни аҳолии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳои судманд баргузор мекунанд.
Ба иттилои Илҳом Расулов, роҳбари Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои таблиғотӣ 32 маротиба вохӯрӣ доир намуда, барои ҷалб намудани сокинон дар маркази шаҳр зиёда аз 280 гӯшаи тарғиботӣ доир ба раъйпурсӣ ташкил шудааст.
Гуфта мешавад, ки участкаҳои раъйпурсии маркази шаҳри Ваҳдат барои баргузории маъракаи сиёсӣ пурра омода буда, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>