Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 34634

Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Россия баргузор мегардад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 октябр дар  шаҳри Москваи Федератсияи Россия  Форуми VI байнипарлумонии «Россия–Тоҷикис­тон: неруи ҳамкории байни­­минтақавӣ» бо ширкати фаъолонаи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, вазорату сохторҳои марбутаи Россия ва доираи васеи соҳибкорон баргузор мегардад.

Назар ба иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО Наврӯз Қурбонзода, дар доираи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи палатаҳои болоии парлумонҳои Тоҷикистону Россия ва суҳбатҳои «мизи мудаввар» доир мегарданд.

Интизор меравад, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба такмили асосҳои ҳуқуқӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аграрӣ, саноати хӯрокворӣ, инчунин дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар бахши илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ матраҳ хоҳанд гардид.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 34634

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>