Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30481

ФУТБОЛ: дастаи «Регар-ТадАЗ» бар дастаи «Хуҷанд» ғолиб омад

$
0
0

     ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бозии ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  байни  дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода   дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ин вохӯрии ҷолиб  бо ҳисоби 2:1 ба наъфи дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ» анҷом ёфт. Да ин дидор голҳоро  Фарҳод Тоҳиров, Ойбек Абдуғаффоров ва  Амирҷон Сафаров  ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки   бозии аввал бо бартарии 1:0 ба нафъи дастаи футболи «Хуҷанд» ба анҷом расида буд. Акнун аз натиҷаи ду бозӣ ва ду голи дар сафар задаи  дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ» онҳо тавонистанд, ки роҳхати даври финалии Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шаванд.

Хотиррасон менамоем, ки  дар даври ниҳоӣ дастаи  футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо  дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  рақобат мекунад.

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30481

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>