Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29452

Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов

$
0
0

ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрўз дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуд.

Зимни мулоқт ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории байниҳукуматии дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо ташаббус ва сиёсати бобарори хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ  ҳамгироии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳамасола тақвият ёфта, натиҷаҳои назаррас низ ба даст омадаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29452

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>