Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29489

Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас

$
0
0

ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас мулоқот намуд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуда, муҳимияти  рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар комплекси агросаноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини  робитаи доимии доираҳои соҳибкорию тиҷоратии  ду давлат ва иҷрои қарорҳои Комиссияи байниҳукматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин таҳкими равобити судманди дуҷониба байни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистону Беларус таъкид гардид.

Ҳарду ҷониб ҳамзамон доир ба дигар мавзуъҳои муҳими марбут ба ҳамкории байниҳукуматӣ табодули афкор намуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29489

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>