ДУШАНБЕ, 09.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои шоҳигарии Шведсия дар шаҳри Стокголм номзадҳои ҷоизаи Алфред Нобелро дар самти иқтисодиёт, ки аксар вақт ҳамчун «Ҷоизаи Нобелии иқтисодӣ» ном бурда мешавад, эълон кард.
Ҷоизаи 50-ум насиби олимони ИМА Уилям Нордхаус барои «ҳамгироии тағйирёбии иқлим дар таҳлили дарозмуддати макроиқтисодӣ» ва Пол Ромер барои «ҳамгироии технологияи инноватсионӣ дар таҳлили дарозмуддати макроиқтисодӣ» гардид,-хабар медиҳад «Интерфакс».
Дар хабарномаи Академияи Шведсия омадааст, ки ҷоизадорон Нордхаус ва Ромер модели иқтисодиеро ихтироъ кардаанд, ки тарзи алоқамандии иқтисоди бозаргонӣ бо табиат ва илмро шарҳ медиҳад.
Иқтисодчии америкоӣ Уилям Нордхауc дар Донишгоҳи Йелск дарс мегӯяд ва узви фахрии Ассотсиатсияи иқтисодчиёни Америка мебошад.
Номбурда бештар бо корҳои илмӣ дар самти тағйирёбии иқлим ва моделсозии иқтисодӣ машҳур аст. Нордхаус яке аз аввалин олимоне мебошад, ки дар бораи алоқамандии глобалии иқтисодиёт ва иқлим моделҳои зиёд ихтироъ кардааст.
Иктисодчии дигари америкоӣ Пол Ромер профессори мактаби тиҷорат ва иқтисодиёти Донишгоҳи Ню Йорк буда, то 24 январи соли 2014 вазифаи сариқтисодчии Бонки ҷаҳониро бар уҳда дошт.
Ӯ нишон дод, ки кадом омилҳо фаъолияти инноватсиониро идора мекунанд. Ромер яке аз асосгузорони назарияи нави афзоиши иқтисодиёт мебошад, ки буҳронҳоро чун давраи нави имкониятҳо баррасӣ мекунад.