Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28992

Шумораи ҳалокшудагон бар асари барфрезии шадид дар ИМА ба 40 нафар расид

$
0
0

Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Шумораи ҳалокшудагон бар асари барфрезии шадид дар ИМА ба 40 нафар расид Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Қаблан дар бораи фавти 37 нафар иттилоъ дода шуда буд.
Ҳамаи ҳодисаҳои нохуш бар асари садамаҳои нақлиётӣ, заҳролудшавӣ аз бӯи газ, инчунин аз сактаи дил ҳангоми тоза намудани барф рух додааст. Ҳалокшудагон дар Вашингтон, Делавэр, Кентукки, Мэриленд, Ню-Ҷерси, Ню-Йорк, Шимол ва Ҷануби Каролин, Огайо, Пенсилвани, Теннесси, Виргини ба қайд гирифта шудаанд.
Барфрезӣ, ки 22 январ оғоз шуд, то 90 миллион аҳолии ИМА-ро фаро гирифт. Ҳукуматдорон дар 11 иёлот ҳолати фавқулодда эълон намуданд, аз ҷумла дар Вашингтон роҳҳои нақлиётӣ баста шуда, дар Ню-йорк баромадани мошинҳоро ба кӯчаҳо манъ кардаанд. Инчунин аз сокинони Ню-Ҷерси ва Ню-Йорк хоҳиш карда шуд, ки ба кӯчаҳо набароянд.
Дар натиҷаи барфрезӣ, ки бадандиаш дар баъзе минтақаҳо то ба 70 сантиметр расид, 200 ҳазор хона бе неруи барқ монда, таҳдиди обхезӣ ба миён омадааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28992

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>