Душанбе, 4.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Шумораи қурбониёни гармӣ дар иёлати Телангони ҷануби Ҳиндустон ба 219 нафар расид, менависад рӯзномаи «Times of India» бо истинод ба ҳокимияти маҳаллӣ. Дар ин бора РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
Қаблан хабар расида буд, ки аз оғози моҳи апрел 300 нафар аз гармии ҳаво ба ҳалокат расидаанд.
Дар Телангон 41 нафар дар рӯзҳои охир нобуд шудаанд. Шумораи зиёдтарини фавт дар минтақаи Налгонда сабт гардидааст, ки он ба 76 нафар мерасад.
Дар маркази иёлат- шаҳри Ҳайдаробод то ба ин муддат ягон ҳодисаи марг бар асари гармӣ ба мушоҳида нарасидааст.
↧
Шумораи қурбониёни гармӣ дар иёлати Телангони Ҳиндустон ба 219 нафар расид
↧