Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолияташро дар раванди таълиму тарбия бомувафақият идома дода, ҳоло аз рӯйи 26 ихтисос фаъолияти кори худро доир ба тайёр намудани кадрҳои соҳа ба роҳ мондааст. Аз 21 ихтисос 5 ихтисос барои дараҷаи мутахассис ва 21 ихтисос барои дараҷаи бакалавр ба нақша гирифта шудааст. Бино ба гуфтаи ректори донишкада Ҷамшед Ғаниев агар дар соли гузашта ҳамагӣ 47 гурӯҳи таълимӣ бо фарогирии 422 донишҷӯ дар ин низом таҳсил карда бошанд, пас дар соли 2015 боз 6 гурӯҳи академӣ зам гардид. Акнун теъдоди умумии гурӯҳҳо дар гурӯҳи рӯзона ба 53 адад расидааст, ки 746 нафарро дар бар мегирад ва теъдоди 12 гурӯҳ дар шуъбаи ғоибона бо шумораи 127 донишҷӯ дар маҷмӯъ 873 нафарро ташкил медиҳанд.
Донишкадаи мазкур барои бо идрорпулӣ таъмин намудани донишҷӯён ғамхорӣ зоҳир менамояд ва ба 208 донишҷӯ мунтазам идрорпулӣ дода мешавад.