Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Ҳаким Фузайлов-сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон

$
0
0

Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаким Фузайлов  бозингари шӯҳратёри Помир-и Душанбе, муовини роҳбари техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон пазируфта шуд.
Дар назди ин мураббии 51-сола вазифаи ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби кишвар вогузор шуд.
Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармураббӣ рӯзи 2 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Бангладеш дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба майдон меорад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо  7 июн дар Бангладеш дар назар дошта шудааст
Муаррифии Ҳаким Фузайлов расман рӯзи 3 май дар конфронси матбуотие дар ФФТ сурат мегирад ва ӯ ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб мегӯяд.
Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 августа соли 1964 таваллуд шудааст. Ҳамчун бозингар қадами нахустини худро ба футболи касбӣ  аз дастаи Пахтакор-и Қурғонтеппа гузоштааст. Аз соли 1986 то соли 1991 дар ҳайати дастаи Помир-и Душанбе бозӣ карда, баъдан соли 1992 ба дастаи «Локомотив»-и Маскав гузаштааст. Дар ҳайати ин даста ӯ соли 1994 сазовори медалҳои биринҷии Чемпионати Русия гардидааст. Соли 1995 даъвати дастаи Арсенал-и Туларо пазируфта, дувуним сол дар лигаи дуввуми Русия ба ҳайси капитан ҳунарнамоӣ кардааст.
Баъди анҷоми мавсими соли 1997 ба даъвати дастаҳои Металлург-и Красноярск, Дӯстлик-и Узбекистон ва клубе аз дивизиони дуввуми Франсия нигоҳ накарда, Ҳаким Фузайлов майдони футболро тарк кард.
Ба ҳайси мураббӣ Ҳаким Фузайлов клуби узбекистонии «Бухоро»-ро  соли 1990  ва баъдан «Динамо»-и Самарқандро машқ додааст. Соли  2003 сармураббии дастаи Андиҷон ва баъди як сол мураббии Титан-и Русия шудааст. Аз соли  2005 дастаи Локомотив-и Калугаро машқ додааст.
Дар мавсими соли  2005 то 2010 дар вазифаи мураббии интихобгар дар дастаи Локомотив-и Маскав фаъолият кардааст. Аз соли 2011 муовини директори клуби Ростов.
Моҳи январи соли 2012 Фузайлов ба ҳаққи ноиби президенти клуби Локомотив-и Тошканд дар масъалаи интихоби бозингарон вазифадор шуда, баъдан сармураббии ин даста таъйин гардид.
Баъди аз дастаи Локомотив рафтан  Фузайлов дар вазифаи мураббии интихобгари клуби Терек и Грозний кор кардааст. Аз моҳи январ дар вазифаи муовини роҳбари техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>