Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Ташкили 64 участкаи раъйдиҳӣ дар ҳавзаи Хуҷанд №26

$
0
0

Хуҷанд, 29.04.2016. /АМИТ Ховар/. То замони баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар аз як моҳ боқӣ мондааст. Ҳоло дар ҳавзаву участкаҳои раъйпурсӣ дар тамоми миқёси кишвар, аз  ҷумла дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳим дар марҳилаи анҷомёбианд.
Тавре ки масъулин аз комиссияи раъйпурсии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ Ховар  иттилоъ доданд, барои баргузории муташаккилонаи раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон баргузор мегардад, дар шаҳри Хуҷанд як ҳавзаи овоздиҳии умумии Хуҷанд № 26 ва 64 участкаи раъйдиҳӣ ташкил шудаанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти пурра доранд.
То имрӯз ба ҳар як участкаи раъйдиҳӣ маводи дастурдиҳӣ тақсим карда шуда, бо иштироки кормандони ин участкаҳо  машваратҳо  гузаронида шуданд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ,ҳоло  дар маркази вилоят 102 ҳазору 811 нафар шаҳрвандони овоздиҳанда  ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2.504 нафар бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ ширкат хоҳанд кард ва 6200 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>