Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Дар Туркия дар натиҷаи як амали террористӣ 17 нафар ҷароҳат бардоштанд

Душанбе, 28.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. 27 апрел дар шаҳри Бурсаи шимоли Туркия як террористи  маргталаб  амали террористӣ анҷом дод.  Дар ин бора «Синхуа» хабар медиҳад. Террорист дар ҷои воқеа ба ҳалокат расида, 17 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Тибқи  маълумоти дастрасшуда, таркиш дар наздикии як масҷид дар маркази шаҳри Бурса рух додааст. Бино ба маълумоти аз музофоти Бурса расида террорист зан будааст.
Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба уҳдаи худ нагирифтааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>