Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди генералии Туркия 25 апрел дар изҳороташ овардааст, ки ҳарбиёни ин кишвар тавассути артиллерия мавқеъҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро дар шимоли Ироқ мавриди зарба қарор доданд, ки дар натиҷа 8 аъзои ин гурӯҳ нобуд карда шуд,- хабар медиҳад агентии «Синхуа».
Инчунин дар изҳорот гуфта мешавад, ки воҳидҳои артиллерии Туркия ба мавқеъҳои ДИ зарбаҳои ҳавоӣ заданд ва 8 ҷангиро нобуд карданд.
↧
Артиши Туркия 8 аъзои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро нобуд кард
↧