Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

«Тараннуми истиқлол» —дарёфти чеҳраҳои нав

Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  фароҳам овардани шароити мусоид ба хотири дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдоди асил Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми истиқлол» -ро роҳандозӣ намуда, моҳи майи соли равон даври ҷамъбастии онро  доир мекунад.
Дар ин хусус Ғуломзода Қурбон, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дода, зикр намуд,  ки иштирокдорони Фестивал-озмун  аз рӯи намудҳои зерин: овозхонӣ  (жанрҳои академӣ, мақом, анъанавӣ, эстрадӣ, фалак), навозандагӣ (созҳои миллӣ, аврупоӣ, ансамблҳо, оркестрҳо), композиторони наврас ва рақс (якка, гурӯҳӣ) ҳунарнамоӣ менамоянд.
— Дар  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми истиқлол» истифодаи фонограмма қатъиян манъ гардидааст,- афзуд Ғуломзода Қурбон.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>