Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Артиши Сурия бо дастгирии ихтиёриёни мардумӣ шаҳри Ар-Рабиаро дар музофоти Латакия таҳти назорат гирифт. Дар ин бора агентии миллии Сурия SANA иттилоъ медиҳад.
«Қисмҳои низомии артиш бо дастгирии гурӯҳҳои ихтиёриёни мардумӣ шаҳри Ар-Рабиаро дар музофоти Латакия пас аз нобуд кардани як гурӯҳ террористон ва яроқу аслиҳаи онҳо таҳти назорат гирифтанд», — иттилоъ додааст манбаъ ба агентӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 ин ҷониб муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд. Неруҳои ҳукуматӣ бар зидди ҷангиёни гурӯҳҳои ифротгарои гуногун мубориза мебаранд. Дар миёни ин гурӯҳҳои ифротгаро «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат ан-Нусра» фаъолтаранд.
↧
Артиши Cурия шаҳри Ар-Рабиаро таҳти назорат даровард
↧