Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Дар Сомалӣ 3 ҷангии гурӯҳи террористии «Аш-Шабоб»нобуд карда шуданд

$
0
0

Душанбе, 23.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ҷумъа неруҳои муштараки Сомалӣ ва иттиҳоди Африқо зимни амалиёт дар минтақаи Бакули ин кишвар на кам аз 3 ҷангии гурӯҳи террористии «Аш-Шабоб»-ро нобуд карда,  4 тани дигарро захмӣ намуданд.
Бино ба иттилои намояндаи артиши Сомалӣ, неруҳои муштарак се деҳаро ба ихтиёри худ дароварданд.
Ҳамчунин  ӯ изҳор дошт, ки амалиёти охирин ба озод намудани он деҳаҳое,  ки зери тасарруфи гурӯҳи террористии  «Аш-Шабоб» қарор доштанд, равона шуда буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>