Душанбе, 22.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар рӯзҳои гузашта ҷангиёни гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» ба музофоти Латакия ҳамла оварданд. Дар ин бора маркази Русия оид ба оташбас дар Сурия хабар дод. «Дар музофоти Латакия ҷангиёни гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» дубора ба мавқеъҳои неруҳои ҳукуматӣ ва манотиқи аҳолинишини Икко, Бшарфа, Нехшабба ва Сандран ҳамла карданд», — гуфта мешавад дар иттилоия. Бино ба иттилои Марказ оид ба оташбас, аз минтақаи Аш-Шабоби шаҳри Ҳалаб террористони «Ҷабҳат ан-Нусра» аз миномётҳо ба тарафи манотиқи шимолии Шайх Мақсуд оташ кушоданд.
Ҳамчунин дар иттилоия омадааст, ки чанд рӯзи охир корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Ал-Қарятайни музофоти Ҳумс идома доштанд. Дар маҳалли аҳолинишини Ал-Блатаи музофоти Латакия низоми обтаъминкунӣ ва таъминоти неруи барқ барқарор гардидааст.
↧
«Ҷабҳат ан-Нусра» ба Латакия ҳамла кард
↧