Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28825

Сарпарасти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Комроншоҳ ҷоизаи пулӣ супорид

Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО) ба паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии гӯштини дзюдои Осиё дар Тошканд унвони чемпиониро ба даст овард, 10 000 сомонӣ ҷоизаи пулӣ доданд.
Тавре аз КМО хабар доданд, ин ҷоизаро ба Комроншоҳ 21 апрел Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳамзамон раҳбари ширкати «Ғаюр”, ки сарпарасти кулли КМО Тоҷикистон мебошад, супорид.
Комроншоҳ дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар вазни то 90 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Урдун, Ҳиндустон ва Узбекистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ гӯштингири Ҷопон Юсуке Кобаяширо шикаст дод ва соҳиби медали тилло ва унвони чемпиони Осиё гардид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28825

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>