Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Эквадор иттилоъ дод, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид ба 587 нафар расид. Дар ин бора РИА «Новости» хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки аксарияти қурбониён ба шаҳри Манта рост меоянд, ки он ҷо офати табиӣ ҷони 174 нафарро бурдааст. Ҳамчунин дар шаҳри Педерналесе ҷасади 172 нафар ва дар шаҳри Портовйехо ҷасади 116 қурбонии дигар дарёфт гардиданд.
Тибқи маълумоти охир, миён қурбониён шаҳрвандони 20 кишвари дигар, аз ҷумла Колумбия, Куба, Ҷумҳурии Доминикан, Британияи Кабир, Ирландия, Канада, Италия ва Олмон низ мебошанд.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки теъдоди қурбониёни заминларза дар Эквадор бо шиддати 7,8 балл ба 500 нафар расидааст.
↧
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Эквадор ба 587 нафар расид
↧