Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиш дар корхонаи нафту гази ширкати давлатии «Petróleos Mexicanos (Pemex)»-и Мексика, ба иттилои пешакӣ на кам аз 40 нафар осеб диданд, — иттилоъ медиҳад агентии «Reuters».
Бино ба гуфтаи вазири амнияти ҷамъиятии иёлати Веракрус, Артуро Бермудес, ба сӯхторнишонон муяссар шуд, ки сӯхтори баъди таркиш дар ширкат рухдодаро фурӯ нишонанд ва ҳоло таҳдиди паҳншавии оташ вуҷуд надорад. Вазир инчунин зикр кард, ки ҳоло маълумот дар бораи қурбониёни ин ҳодиса маълум нест.
Бино ба хабаргузории агентии «REGNUM» таркиш дар корхонаи коркарди нафти «Clorados 3», дар шаҳри Коатсакоалкоси иёлати Веракруси Мексико ба амал омадааст. Аз атрофи ширкат садҳо нафар ба ҷойхои бехавф кӯчонида шуданд.
Аз сокинони маҳаллаҳои наздики макони ҳодиса даъват ба амал оварда шуд, ки манзили зисташонро тарк накунанд, зеро бар асари таркиш ба ҳаво моддаҳои зарарнок паҳн шудаанд.
↧
Бар асари таркиш дар корхонаи коркарди нафт дар Мексика 40 нафар осеб диданд
↧