Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29772

Дар ҷануби Чин беш аз 100 ҳазор нафар аз шамоли сахт ва жола осеб диданд

$
0
0

Душанбе, 21.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. Беш аз 100 ҳазор сокини шаш шаҳру 17 шаҳристони минтақаи худмухтори Гуанси-Чжуани Чин аз шамоли сахт ва жола, ки аз 17 апрел инҷониб ин минтақаро фаро гирифтаанд, осеб диданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо ишора ба раёсати маъмурияти шаҳрвандии Гуанси-Чжуан хабар дод.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, офатҳои табиӣ зиндагии муқаррарии 103,1 ҳазор сокини маҳаллиро вайрон кардаанд. Аз ин теъдод 6300 нафар аз минтақаи офати табиӣ ба ҷои бехавф бурда шуданд.
Дар натиҷаи офати табиӣ ҳамчунин 5,01 ҳазор га заминҳои хоҷагидорӣ хисорот дидаанд. Ҳамчунин 62 манзили истиқоматӣ хароб гашта, 1839 хонаи дигар осеб дидаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29772

Trending Articles