Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо ҷалби масъулини вазорату идораҳо, зерсохторҳои вазорат ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ва бўҳрон дар иқтисоди шарикони стратегӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рушди саноати кишвар дар ҳаҷми 113,1% таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати дар ин муддат ба 2996,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки 32,1%-и ММД кишварро ташкил мекунад.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо чунин тарз ташакул ёфтаанд. Саноати хўрокворӣ 25% (748,8 млн. сомонӣ), электроэнергетика 25,4% (761,2 млн. сомонӣ) маъдан 21,3 (639,6 млн. сомонӣ), саноати масолеҳи сохтмон 11,5% (343,7 млн. сомонӣ), мошинсозӣ 8,2% (245,7 млн. сомонӣ) сабук 3,8% (113,9 млн. сомонӣ).
Мутобиқи нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соли ҷорӣ ба истифода додани 161 корхонаи нав бо таъсиси зиёда аз 1640 ҷои кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Муовини Сарвазир дар оғози суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои бандҳои алоҳидаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар солҳои 2014, 2015 ва 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд, ҷалб намуданд.
Аз ҷумла оид ба:
— таҳия ва қабули Стратегияи рушди соҳаи саноат;
-таъсис ва рушди корхонаҳои саноати дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст;
-ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самараноки иқтидорҳои саноатӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ;
-бо истифода аз технологияҳои муосир зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда;
-таъмини талаботи бозор ба маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ;
-ба нақша гирифтани сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва ҷойгир кардани онҳо наздик ба манбаъҳои ашёи хом, инчунин таъмини ин корхонаҳо бо ҳаҷми зарурии нерўи барқ, об ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва бунёди корхонаҳои нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз меҳвари онҳо мебошад.
Махсусан қайд намуданд, ки супоришҳои аз Паёмҳои Пешвои миллат исролшаванда, доимо зери назоратанд ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки дар доираи имкониятҳо иҷрои онҳоро марҳила ба марҳила таъмин намояд. Мақсади ниҳои дар ин самт табдил додани иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрии-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ мебошад, яъне зиёд намудани ҳиссаи соҳаи саноат ва коркард дар таркиби ММД нисбат ба кишоварзӣ.
Муовини Сарвазир аз дастовардҳои имрўзаи вазорат изҳори қаноатмандӣ намуда таъкид карданд, ки ба рушди самтҳои афзалияти нисбӣ доштаи иқтисодии кишвар бояд диққати махсус диҳем. Яке аз чунин самтҳо ин саноати сабук–коркарди абрешим то маҳсулоти ниҳоии атласу адрас мебошад. Ба гунаи мисол агар дар соли 2015 истеҳсоли матои атлас 3800 метри мураббаъро ташкил намуда бошад, пас ин намуди маҳсулот дар семоҳаи аввал умуман истеҳсол нашудааст, ҳоло он ки ин нишондиҳанда дар соли 1991-ум 65 млн. метрии мураббаъро ташкил медод. Вобаста ба ин ба КВД «Пилла» супориш дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли пилларо афзун намояд, чунки тамоюли истеҳсоли пилла дар солҳои охир умуман қобили қабул нест ва илова бар ин бе таъмини ашёи хоми маҳалӣ афзун намудани иқтидорҳои саноатии коркард ғайриимкон мебошад. Инчунин КВД «Пилла» масъул мебошад, ки раванди таъмини корхонаҳои пиллапарвариро бо кирмаки ватанӣ тавассути ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои зотпарварии пилла ҷоннок гардонад.
Имконияти дигаре, ки метавонад ҳам ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳам ба манбаи устувори пардохти андоз мусоидат намояд ин супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, яъне ба роҳ мондани дўхтани либоси мактабӣ дар корхонаҳои дузандагии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва расонидани шумораи он то 1 млн адад мебошад.
Имсол ба истифода додани марҳилаи дуюми МБГ-и ш. Душанбе бо иқтидори 300 мВт электроэнергияи иловагӣ дар назар дошта шудааст ва бо назардошти фаъолияти зиёда аз 208 корхонаи саноатӣ бо ангишт тибқи ҳисобҳои пешакӣ талабот ба он ба 1,7 млн. тонна баробар мегардад. Вобаста ба ин зарур аст, ки аз имрўз таёрии хуб ба роҳ монда шавад, чунки барои таъмини ин нақша тибқи ҳисобҳои Вазорати саноат ва технологияҳои интиқоли ангишт ба анборҳо бояд дар як рўз на камтар аз 4000 тоннаро ташкил намояд. Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт вазифадоранд, ки марҳила ба марҳила дар асоси лоиҳаҳои тасдиқгардида тарзи саноатии истихроҷи ангиштро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин муовини Сарвазир ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав тавсия доданд, ки дар донишкадаю муассисаҳои таълимии вазорат омода сохтани мутахассисонро вобаста ба талаботи имрўза ба роҳ монанд, алалхусус дар самти ташкил кардани истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунандаю рақобатпазир.