Душанбе, 17.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати дуюми дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар шаҳри Хоруғ бо дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бозии дӯстона мегузаронад.
Тавре ки сомонаи расмии клуби шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, бо ташаббуси роҳбарияти «Истиқлол» ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии Хоруғ миёни ҳайати ҷавони қаҳрамони чоркаратаи кишвар-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби Бадахшон бозии дӯстона доир мегардад. Ин бозии футбол ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, 20-уми апрел доир мешавад. Оғози бози соати 16:00.
↧
«Истиқлол» бо мунтахаби Бадахшон бозии дӯстона мегузаронад
↧