Душанбе, 23.01.2016 (АМИТ «Ховар») – Вазири мудофиаи Амрико Эштон Картер зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNBC изҳор кард, ки эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти роҳбарии ИМА истифода шудани қушунҳои хушкигард ба муқобили гурӯҳҳои террористиро зарур мешуморад. Ба андешаи ӯ барои муваффақ шудан дар муборизаи зидди терроризм зарур аст, ки шаҳрҳои Раққаи Сурия ва Мосули Ироқ аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи терроризми байналмилалӣ ҳатман озод шаванд.
Бояд гуфт, ки дар давоми ду соли охир терроризми байналмилалӣ шаҳрҳои Раққа ва Мосулро дар ҳудудҳои Сурия ва Ироқ ба маҳали асосии будубоши қарор дода, аз ҳамин шаҳрҳо амалҳои ҷинояткоронаи худро таҳия ва идора мекунанд.
↧
Эштон Картер: «Раққа ва Мосул аз дасти террористон гирифта шаванд»
↧