Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28571

Садриддин Айнӣ-ҳимоятгари забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ

Душанбе, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи Садриддин Айнӣ ҷаласаи илмии «Солонаи устод Айнӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимон доир ба мавзӯъҳои «Айнӣ ва ғояи истиқлолхоҳии тоҷикон», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Садриддин Айнӣ аз нигоҳи муҳаққиқи араб Ҷалил Камолиддин», «Айнӣ ва тақлиди Бедил» маърӯза намуданд.
Ҳамчунин зимни баргузории ҷаласаи илмии «Солонаи устод Айнӣ» зикр карда шуд, ки Садриддин Айнӣ барои истиқлоли миллӣ ва ба ҳайси миллат шинохтану эътироф гардидани миллати тоҷик ҳамеша дар набард буд.
Маҳз Садриддин Айнӣ буд, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарин ба ҳимояи миллат камар баст, ки далели он, пеш аз ҳама, ҳимояи забону адабиёти форсӣ- тоҷикӣ мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28571

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>