Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29580

ВАО: дар соҳилҳои Юнон ва Туркия 3 киштӣ ғарқ шуда, 44 муҳоҷир ҳалок гардид

$
0
0

Душанбе, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- З киштии ҳомили муҳоҷирон имрӯз дар баҳри Эгей, дар соҳилҳои Юнон ва Туркия ғарқ шуд, ки дар натиҷа 44 нафар, аз ҷумла 20 кӯдак ҳалок гардид. Даҳҳо одамонро наҷотдиҳандагони ҳифзи соҳилии Юнон ва Туркия наҷот дода, ба ҷойҳои бехавф бурданд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Яке аз киштиҳо, ки дар он 48 нафар муҳоҷирон буданд, дар ҷазираи Фармакониси ғарқ шуд. Киштии дигар, ки шумораи мусофиронаш то ҳол муайян нашудааст, дар наздикии ҷазираи Калолимнос ба об фурӯ рафт. Як ҳодисаи дигари ғарқшавии киштӣ дар наздикии осоишгоҳи наздибаҳрии Дидим дар ҷануби Туркия рух дод.
Бино ба иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар давоми соли 2015 тавассути баҳри Миёназамин ба Аврупо беш аз 704 ҳазор нафар, асосан аҳолии мусулмони аз ҷангу хунрезӣ дар кишварҳои худ гурезашуда ҳиҷрат кардаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29580

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>