Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

Ширкатҳои Русия ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд

$
0
0

Қӯрғонтеппа, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии савдои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Михаил Кораблин вохӯрӣ гузаронд.
Ба ҳайати меҳмонон директорони генералии ҶСП «Агротехнология» Станислав Оболентсев, ҶДММ «ИмпэксАгро» Константин Горяшенко ва намояндаи ширкати «Магнит» Виталий Чуприн шомил буданд.
Зимни вохӯри тарафҳо оид ба ҳамкорӣ дар бахши таъмини ширкатҳои Русия бо ҳосили пиёзи барвақтӣ сухан рафт. Тарафҳо тамоми роҳҳои ҳамкорӣ ва дар саривақт дастрас кардани маҳсулоти кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон дар доираи сафар ҳайати Федератсияи Русия аз хоҷагиҳои сабзавоткори ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>