Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Намоишгоҳи тиҷоратии Покистон дар Тоҷикистон

Душанбе, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»- и шаҳри Душанбе бахшида ба Намоишгоҳи тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Покистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тарик Иқбол Сомро ва соҳибкорони Ҷумҳурии Покистон иштирок доштанд.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Намоишгоҳи тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Покистон аз 8 то 10 апрел дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо дастгирӣ ва ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати кишвар баргузор шуда, дар он тамоми маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Покистон ба савдо гузошта мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>