Душанбе, 22.01. 2016 (АМИТ «Ховар») .- Дар арафаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар рӯзномаи эронии «Эрон» мақолаи муаллифии худро таҳти унвони «Якҷоя ояндаи зебои ҳамкории Чин ва Эронро ба роҳ мемонем»,-ба нашр расонд.
Ба гуфтаи ӯ: «Ин аввалин сафари ман ба Эрон аст, аммо ман, мисли бисёре аз мардуми Чин бо ин кишвари бостонӣ ва зебо ошно ҳастам, зеро Роҳи абрешим аз замонҳои қадим мардумони моро мепайвандад. Дар сабтҳои таърихӣ дар ин бора бисёр ривоятҳои аҷиб боқӣ мондаанд.
Чин ва Эрон таърихан дар сохтмони Роҳи абрешим ва густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни Шарқу Ғарб саҳми бузург гузоштаанд. Равобити дӯстона миёни ду кишвар дар давоми 45 сол аз замони барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ намунаи ирсӣ ва таҷассумгари рӯҳи Шоҳроҳи Абрешим ба шумор рафта, бо хислати «ҳамкории осоишта (сулҳҷӯёна), ошкоро ва таҳаммулпазир, мутақобилан судманд ва фоидаовар (бурднок)» фарқ мекунад.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар мавриди нақшаи амалӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон, Чин ба изҳороти Эрон дар мавриди надоштани нақшаи коркарди силоҳи ҳастаӣ баҳои баланд дод. Ҷониби Чин Эронро дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниаш дастгирӣ менамояд ва ҳамчунин саҳми фаъолонаи ҷониби Эронро дар бастани созишномаҳо қадрдонӣ мекунад.
«Мо омодаем дар оянда бо Эрон ҳамкории зичро дар татбиқи муваффақонаи созишномаҳо ба роҳ монем», — гуфт Си Ҷинпин.
Дар масъалаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба бояд гуфт, ки танҳо дар солҳои 70-уми асри гузашта он даҳҳо миллион долларро ташкил дода, дар соли 2014 ин нишондод то $51,8 миллиард афзоиш ёфт. Чин дар муддати шаш сол шарики боэътимод ва аввалини тиҷоратии Эрон мебошад.
Инчунин табодули башардӯстона миёни ду кишвар бо сермаҳсулӣ фарқ дошта, дӯстӣ миёни мардумони ду давлат барои рушди муносибатҳои дӯстонаи Чину Эрон қувваи муҳими пешбаранда ба шумор меравад.
↧
Мақолаи муаллифии Си Ҷинпин дар рӯзномаи «Эрон»нашр гардид
↧