Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28653

Нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 17 % иҷро шуд

$
0
0

Душанбе, 5.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 17 % иҷро шуд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни ду рӯзи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иҷрои нақша дар вилояти Хатлон ба 23%, дар Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ ба 19%, дар Гарнизони Бадахшон ба 13%, дар вилояти Суғд ва чор ноҳияи пойтахт ба 12% баробар мебошад.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, шурӯъ аз 1-уми апрели соли 2016 даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат оғоз гардид.
Дар рӯзи аввали оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлоли вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28653

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>