Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Барномаи тарҳрезикардаи «Толибон» барои смартфонҳо нобуд карда шуд

Душанбе, 04.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати амрикоии «Google»  аз саҳифаҳои интернетӣ барномаи махсусеро, ки барои смартфонҳо гурӯҳи терористии «Толибон» ташкил карда буданд, пурра нобуд кардааст. Тавре хабаргузории «ТАСС» иттилоъ медиҳад, сухан дар мавриди барномае меравад, ки тавассути он   гуруҳи террористии «Толибон» фаъолиятҳои ифротгароёнаву тахрибкоронаи худро таблиғ ва ҳамчунин наворҳои махсусеро дар он ҷойгир мекарданд. Гуфта мешавад барномаи мазкур барои телефонҳои мобилӣ бо системаи Android  пешбини шуда бо забони паштуӣ роҳандозӣ шуда буд. Толибон тариқи интернет фаъолияти густурда мебаранд то аъзои худро ба маротиб бештар намоянд. Сомонаи онҳо бо панҷ забон, аз ҷумла англисӣ ва арабӣ фаъолият менамояд. Ҳарчанд дар гузашта  ҷониби Афғонистон борҳо кӯшиши аз байн бурдани ин сомонаро кардааст, аммо ҳеҷ яке аз ин талошҳо натиҷа надодаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>