Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29509

Артиши Сурия 4 деҳаи Латакияро аз террористон озод кард

Душанбе, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Артиши Сурия бо кумаки ихтиёриёни халқӣ ҳамлаи террористонро ба мавқеи қувваҳои ҳукуматӣ дар наздикии шаҳри Салма дар шимоли музофоти Латакия хунсо карда, 4 деҳаро дар марз бо Туркия озод намуд. Дар ин бора як манбаи ҳарбӣ ба «РИА Новости» иттилоъ додааст.
«Дар шимоли Латакия деҳаҳои ал-Хур, Ара, ал-Гнаймия ва Байт-Миру озод карда шуда, ҳамчунин назорат аз баландии Ҷабал-ат-Таруу ва Китф-ал-Камуу дар қаторкӯҳҳои Ақрад барқарор гардид. Нуқтаҳои аҳолинишин ва баландии зикршуда пас аз кӯшиши ҳамлаи террористон, ки нияти дубора зери назорат даровардани атрофи шаҳри Салмаро доштанд, озод карда шуданд», — иброз медорад манбаъ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29509

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>