Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Гӯштингирони АМА маҳорати худро дар Тоҷикистон сайқал медиҳанд

Душанбе, 01.04.2016.(АМИТ «Ховар»). Гӯштингирони наврас аз Аморати Муттаҳидаи Араб барои сайқали маҳорат ба Тоҷикистон омада, дар толори варзишии Клуби «Вастан» бо гӯштингирони навраси тоҷик дар риштаи дзюдо тамрин мегузаронанд. Марҳилаи омӯзишии наврасони дзюдои АМА дар Тоҷикистон маҳз ба хотири бартарӣ доштани сатҳи дзюдои тоҷик нисбат ба кишварҳои Араб аст. Гӯштингирони навраси АМА барои беҳтар намудани маҳорати касбӣ ба Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар омаданд. Қабл аз марҳилаи омӯзишии тамрин бо арзи эҳтиром ва хотирот аз ҷониби меҳмонон рамзи «Фуҷара Маршал Арт Клаб»-и АМА ба мураббии Клуби варзишии «Вастан» супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои ягҷояи варзишгарони Тоҷикистону АМА дар толори Клуби варзишии «Вастан» то 2-юми апрел идома меёбанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>