Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Ҷамъбасти даври аввали «Ҷилваи ҳусн» дар Норак

$
0
0

Норак, 01.04.2016.(АМИТ «Ховар»). Бо мақсади тарғиб ва баланд бардоштани мақому манзалати либосҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли навъҳои гуногуни матоъҳои миллӣ бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 31 март дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» бо иштироки фаъолони корхонаю муассисаҳо баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Аз ҷониби 4 тарроҳи шаҳр намунаи либосҳои миллӣ бо ҷалби тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимӣ намоиш дода шуд.
Барномаи рангини консертии ҳунармандони бахши фарҳанг ба фестивал ҳусни тоза зам намуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>